Дар Точикистон аксияи байналмилалии ватандустонаи “Лентаи Георгий” бахшида ба 80-солагии Галаба дар Чанги Бузурги Ватани огоз ёфт. – ИА Караван Инфо
Дар Точикистон аксияи байналмилалии ватандустонаи "Лентаи Георгий" бахшида ба 80-солагии Галаба дар Чанги Бузурги Ватани огоз ёфт.

Душанбе, 2 май, АИ Караван Инфо. Дар пойгохи хонахои Руси дар Душанбе ва Хучанд аксияи байналмилалии ватандустонаи “Георгиевская ленточка” расман огоз ёфт. Ин сол он зери нишонаи санаи мухими таърихи 80 — солагии Галаба дар Чанги Бузурги Ватани баргузор мешавад.

Аксия мактаббачагон, донишчуён, омузгорон, рузноманигорон, ихтиёриён, хамватанон ва сокинони бетафовутро муттахид намуд. Лентаи георгий – рамзи эътирофшудаи хотира, эхтиром ва миннатдори ба кахрамонон  – ба иштирокчиёни чашнхо, чорабинихои шахри ва аксияхо супорида мешуд.

Лентахо на танхо бо дархостхои муассисахои таълими, балки дар доираи чорабинихои васеи чамъияти низ пахн намуда шуданд:

 – бозии харби-ватанпарвар «Зарнитса»,

 – ташаббуси варзиши «Давидан ба 80-солагии Галаба»,

 – лоихаи маърифати «Диктанти Галаба» ва дигарон.

Дар Душанбе хамаги такрибан 2000 тасма, дар Хучанд 1300 лента супорида шуд. Ба аксия намояндагони харакати “Волонтёрони Галаба” аз шахри Турсунзода низ фаъолона хамрох шуданд.

АКСХО: Хонаи Руси дар Душанбе

error: