Аз 1 то 10 апрел дар Точикистон маъракаи махсус барои маъруф намудани истифодаи камарбанди бехатари гузаронида мешавад. Чорабинии мазкур аз чониби Идораи корхои дохилии пойтахт бо максади кам намудани вазнинии окибатхои садамахои наклиёти огоз намуда шудааст.

Тибки иттилои Нозироти Давлатии Автомобили, тахлили садамахо нишон медихад, ки аксари ронандагон ва мусофирон ба ин мухофизати одди, вале муассир беэътинои мекунанд. Шуъбаи БДА-и Душанбе накшаи мукаммалеро тахия намуд, ки аз рейдхои пешгирикунанда ва корхои фахмондадихи бо иштирокчиени харакати рох иборат аст.
“Истифодаи камарбанди бехатари хатари чарохатхои вазнинро хангоми Садама ба таври назаррас кохиш медихад”, – таъкид мекунанд дар идора. Кормандони полис аз хамаи ронандагон ва мусофирон даъват мекунанд, ки ба ин унсури мухими бехатари диккати махсус диханд.
Аксия дар доираи татбики барномаи давлати оид ба баланд бардоштани бехатарии харакати рох ва кам намудани чарохатхо дар роххои чумхури гузаронида мешавад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода