Дар доираи омодаги ба намоишгохи 12-Уми Байналмилалии “Китоби Душанбе”, ки мохи октябри соли чори баргузор мешавад, вазорати фарханги Чумхурии Точикистон барои ташкили чорабини маблагхои зиёд чудо намуд. Муовини вазири фарханг Давлат Сафарзода дар нишасти матбуотии рузи 22 июл дар ин бора хабар дода, хохиши зиёд кардани шумораи иштирокчиён, бахусус аз хоричро таъкид намуд.

Тибки маълумоти дар нишасти матбуоти пешниходшуда, дар намоишгохи соли гузашта намояндагони хафт кишвари чахон, аз чумла Русия, Беларус, Хиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон, инчунин зиёда аз 30 нашриёти ватани ширкат варзиданд.
Муассисахои нашриёти вазорати фарханг дар як сол 23 китоб бо тиражи умумии 39500 нусха нашр намуданд. Дар анборхои вазорат 283053 нусха китоб ба маблаги умумии 13 426 400 сомони мавчуд аст. Инчунин кайд карда шуд, ки Тавассути корхонаи вохиди Давлатии таъминот ва савдои “Китоб” 14212 нусхаи китоб ба китобхонахои Вилояти Хатлон ва дигар минтакахои кишвар барои пур кардани фонди китобхонаи Чумхури ройгон расонида шуд.