Макомоти Точикистон тасмим гирифтанд, ки хангоми бакайдгирии давлати дар БДА навъи нави нишонахои ракамиро барои мошинхои баркии сабукрав чори кунанд. Тибки санадхои меъёрии Хукукии агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати тичорати, ба мошинхои барки ранги сабзи ракамхо дода мешавад.

Ин хабарро намояндагони Вазорати наклиёти Точикистон тасдик намуданд. Таъсиси ракамхои сабз барои мошинхои барки бо татбики барномаи Давлатии рушди наклиёти барки дар чумхури барои давраи аз соли 2023 то 2028, инчунин бо Консепсияи гузариш ба системаи наклиёти мусофиркашони барки дар пойтахт алокаманд аст.
Каблан раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали дастур дода буд, ки хамаи паркхои таксии пойтахт то мохи сентябри соли 2025 ба мошинхои барки гузаранд. Айни замон дар Душанбе 12 ширкати ичораи такси фаъолият дорад, ки барои онхо 4,3 хазор квота барои ичораи воситахои наклиёт чудо намуда шудааст. Бояд кайд кард, ки дар мохи июни соли равон дар байни мошинхои ичора такрибан 2,4 хазор мошинхои барки буданд.
Ин навоварихо ба хавасмандгардонии наклиёти аз чихати экологи тоза ва мусоидат ба татбики стратегияи рушди бахши электромобили дар Точикистон нигаронида шудаанд. Татбики ракамхои сабз барои мошинхои барки як кадами дигар ба суи наклиёти устувор ва экологи дар кишвар хохад буд.