Душанбе, 28 апрел, АИ Караван Инфо. Дар Душанбе бозии харби-варзишии “Зарнитса” баргузор шуд, ки мактаббачагонро аз гушахои гуногуни кишвар муттахид намуд. Дар мусобика нух даста аз Душанбе, Турсунзода, Бохтар, Хисор ва Шахринав иштирок намуданд.

Иштирокчиён дар эстафетахо, гребля дар тренажерхо, фишорхо ва кухнаварди ракобат намуданд. Тавре ки худи бачахо икрор шуданд, онхо дар бораи “Зарнитса” аз бобову бибихои худ шуниданд, аз ин ру иштирок дар бози барои онхо як вокеаи махсусан мухим буд.
Сатхи омодагии чисмонии дастахо хеле баробар буд, ки муборизаро то сонияхои охир пуршиддат намуд. Тибки натичахои мусобика, дастаи мактаби Президенти барои хонандагони болаёкати шахри Хисор чои сеюмро гирифт, дастаи мактаби №6 Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия чои дуюмро гирифт. Чои аввалро дастаи литсейи “Нур”-и нохияи Шахринав ва дастаи мактаби Руси-Точикии ба номи Юрий Гагарин байни худ таксим намуданд.
Аксияи байналмилалии ” Лентаи Георгий ” ба ин чашн фазои махсус дод, ки дар он хамаи варзишгарон иштирок намуданд. Лентаи Георгий рамзи хотираи часорати сарбозони шурави дар солхои Чанги Бузурги Ватани мебошад.
Ташкилкунандаи бози пойгохи 201-уми низомии Русия бо дастгирии намояндагии Россотрудничество дар Точикистон буд.
АКСХО: Хонаи Руси дар Душанбе