Дар Точикистон гармии рекорди пешбини шудааст
То 31 июл дар Точикистон хавои хеле гарм интизор аст. Аз чумла, нишондихандахои термометрхо дар нохияхои тобеи чумхурияви ва вилояти Сугд то 43 дарача, дар худуди Вилояти Хатлон то 46 дарача, дар як катор нохияхои кухи ва наздикухи аз 37 то 40 дарача гарм ва дар нохияи Дарвоз сутуни термометр то 42 дарача гарм мешавад.

Баландшавии харорат боиси зиёд шудани обшавии барф, пиряххо ва афзоиши хачми об дар дарехо мегардад, ки инчунин метавонад ба обхезии эхтимоли, ярч ва сангрези мусоидат кунад.
Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон аз шахрвандон ва мехмонони чумхури хохиш менамояд, ки дар ин рузхо, хусусан хангоми истифодаи роххои кухи, хеле эхтиёткор бошанд.