Туркистон, 10 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Туркистон ҷаласаи 11-уми роҳбарони маъмурияти гумрукии кишварҳои иштирокчии Созмони давлатҳои туркӣ (СДТ) баргузор гардид. Дар мулоқот намояндагони Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Узбекистон, инчунин нозирони Венгрия, Гурҷистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи даромади давлатии Вазорати молияи Қазоқистон Жандос Дуйсембиев таъкид намуд, ки баргузории чорабинӣ дар Туркистон ҳам аҳамияти амалӣ ва ҳам рамзӣ дорад, ки ягонагии ҷаҳони туркро таҷассум мекунад. Вай қайд намуд, ки ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳои СДТ бо рақамикунонӣ ва содда намудани тартибот пайваста меафзояд.
Дуйсембиев диққати худро ба вазифаи стратегии Президент Касим-Жомарт Токаев равона намуд: табдил додани долони Миёна ба пули боэътимод байни Шарқ ва Ғарб. Барои ин қадамҳои амалӣ, ба монанди мубодилаи иттилоот, рушди институти операторони ваколатдори иқтисодӣ, ҷорӣ намудани системаи “равзанаи Ягона” ва рақамикунонии маъмурияти гумрукӣ заруранд. Ин чораҳо барои суръат бахшидан ба гардиши мол ва баланд бардоштани бехатарии таъминот пешбинӣ шудаанд.
Қазоқистон дар ҷаласа имкониятҳои платформаи ҳамгирошудаи худ «Keden» ва Туркия — лоиҳаи «Karavan-saray»-ро муаррифӣ намуданд. Дар натиҷаи мулоқот як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла протоколи ҷаласа ва ёддоштҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо ва рушди озмоишгоҳҳои гумрукӣ ба имзо расиданд. Иштирокчиён ӯҳдадории худро ба ҳамкории минбаъда барои ташкили системаи гумрукии муосир ва инноватсионӣ тасдиқ намуданд.
Аксҳо: Вазорати молияи ҶҚ
