Остона, 23 феврали соли 2026 АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов бо Роҳбари Миссияи арзёбии ниёзҳои Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (БДИПЧ САҲА) Улви Ахундлу мулоқот намуд. Миссия дар Қазоқистон барои арзёбии омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсии ҷумҳуриявӣ оид ба лоиҳаи Конститутсияи нав, ки санаи 15 марти соли 2026 баргузор мешавад, ҷойгир аст.

Ҷонибҳо масъалаҳои даъват намудани нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла БДИПЧ САҲА ба раъйпурсиро баррасӣ намуданд. Ҷониби Қазоқистон ҷонибдории худро ба амалияи фиристодани даъватномаҳои расмӣ ба созмонҳои байналмилалӣ тасдиқ намуд, ки ин кушодашавӣ, транспарентӣ ва пайдарпаии давлатро дар таъмини расмиети демократӣ инъикос мекунад.
Улви Ахундлу барои даъват намуданИ БДИПЧ САҲА ҳамчун нозирон ва мусоидат дар ташкили вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва идораҳои Қазоқистон ташаккур гуфт.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо манфиати тарафайнро дар рушди шарикӣ ва идомаи кор оид ба такмили равандҳои интихоботӣ тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ тасдиқ намуданд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
