Дар ВКХ-и Қазоқистон саҳми занони маъюбро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ намуд – ИА Караван Инфо
Дар ВКХ-и Қазоқистон саҳми занони маъюбро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ намуд

Остона, 12 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Дар Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон конфронси байналмилалӣ оид ба нақши занони маъюб аз Осиёи Марказӣ дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) баргузор гардид. Чорабинии ташкилнамудаи як қатор ассотсиатсияҳо ва идораҳо марҳилаи ниҳоии лоиҳа буд, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи финӣ Кюннюс дастгирӣ намуда шуд.

Иштирокчиёни конфронс таҷрибаи фаъолияти ташкилотҳои занони маъюбро муҳокима намуда, инчунин оид ба татбиқи ҳуқуқҳои ин гурӯҳи аҳолӣ тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Муовини Раиси Сенати Парлумони Қазоқистон Олга Перепечина таъкид намуд, ки татбиқи ҲРУ бе назардошти манфиатҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ғайриимкон аст. Вай қайд намуд, ки занон ва духтарони маъюб бояд ба таҳсил, тиб, шуғл ва ҳаети ҷамъиятӣ дастрасии баробар дошта бошанд.

Дар навбати худ, Сафири бо супоришҳои махсуси ВКХ Қазоқистон Алуа Надирқулова изҳор дошт, ки пешбурди принсипҳои фарогирӣ ва расидан ба ҲРУ афзалиятҳои калидӣ барои Қазоқистон мебошанд. Вай изҳори омодагӣ намуд, ки кишвар барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба барои бунеди ҷомеаи фарогир, ки дар он занон ва духтарони маъюб барои худшиносӣ имкониятҳои баробар доранд, омода аст.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: