Дар Женева дурнамои хамкории башардустонаи Точикистон ва Идораи Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо мухокима намуда шуд – ИА Караван Инфо
Дар Женева дурнамои хамкории башардустонаи Точикистон ва Идораи Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо мухокима намуда шуд

Душанбе, 21 август, АИ «Караван Инфо». Намояндаи доимии Чумхурии Точикистон дар Назди шуъбаи СММ дар Женева Шараф Шерализода санаи 19 август бо Ёвари комиссари Олии Идораи комиссари Олии СММ Оид ба гурезахо (UNHCR) Рувендрини Меникдивела мулокот намуд.

Тавре Вазорати корхои хоричии Точикистон хабар дод, чонибхо оид ба самтхои асосии хамкори Байни Чумхурии Точикистон ва ИКОГ СММ  табодули афкор намуданд. Ба масъалахои мавриди таваччухи тарафайн, аз чумла тахкими шарики дар сохаи гуманитари ва хамохангсозии талошхо дар доираи ташаббусхои байналмилали диккати махсус дода шуд.

Музокирот дар фазои созанда гузашт ва манфиати тарафайнро дар рушди минбаъдаи муколама ва васеъ намудани хамкори тасдик намуд.

Точикистон хамчун кишвари дорои марзи тулони бо Афгонистон ва иштирокчии бисёр созишномахои байналмилали дар сохаи гуманитари дар таъмини суботи минтакави ва дастгирии шахсони ниёзманди хифзи байналмилали накши калиди дорад. Хамкори бо ИКОГ СММ  ба чумхури имкон медихад, ки на танхо ба мушкилоти марбут ба мухочират ва амният вокуниши муассир нишон дихад, балки мавкеи худро хамчун шарики боэътимоди чомеаи чахони дар масъалахои дипломатияи гуманитари мустахкам кунад.

Точикистон кайхо худро хамчун давлати масъулиятнок муаррифи намудааст, ки сарфи назар аз мушкилоти ичтимоию иктисодии худ ба ташаббусхои башардустонаи минтака сахми назаррас мегузорад. Хамкори бо ИКОГ СММ  имкониятхои навро барои хифзи ахолии осебпазир ва тахкими хамбастагии байналмилали фарохам меорад” гуфт яке аз коршиносони муносибатхои байналмилали.

АКСХО: Вазорати корхои хоричии Точикистон

error: