ОСТОНА, 12 декабр 2025г. – АИ «Караван Инфо». Қасим-Ҷомарт Токаев ва Масъуд Пезешкиё.н ба намоишгоҳ ташриф оварданд, ки дар он нусхаҳои 27 дастхатҳои қадимии дар бойгонии ВКХ-и Эрон пайдошуда мавҷуданд. Ин ҳуҷҷатҳо, ки бори аввал ба оммаи васеъ кушода шуданд, дар бораи рӯйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар қаламрави Қазоқистон дар асрҳои XVIII-XIX маълумот доранд ва робитаҳои таърихии деринаи ду кишварро тасдиқ мекунанд.

Президенти Қазоқистон ба ҷониби Эрон барои маводи арзишманд изҳори сипос намуда, аҳамияти онҳоро барои омӯзиши гузашта таъкид намуд.
Вай қайд намуд, ки экспозитсия ба қазоқистониён пешниҳод карда мешавад ва дар ВАО васеъ нашр намуда мешавад, зеро дар дастхатҳо далелҳои қаблан номаълум инъикос ёфтаанд. Токаев таъкид намуд, ки ин маводҳо ба фаҳмиши таърихи миллӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт.


Аксҳо: Акорда
