Дар боги фарханг ва истирохати пойтахти “Кули Чавонон” 7 апрел “Давидани дусти” баргузор шуд, ки намояндагони 22 кишвари иштирокчии форуми минтакавии шурои Олимпии Осиё ва хамбастагии Олимпии кумитахои миллии олимпии Осиёи Маркази ва Гарбиро муттахид намуд.
Тавре, ки Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон хабар дод, хадафи чорабинии варзиши пешбурди тарзи хаёти солим, рушди варзиши оммави ва тахкими робитахои дустона байни хайатхо мебошад.

Дар кисми тантанавии чорабини иштирокчиёни чавони фаъоли форум, инчунин голибони озмунхо дар самтхои гуногун бо сертификатхо, медалхо ва тухфахои хотирави мукофотонида шуданд.
Форум, ки 6 апрел огоз ёфт, дар Душанбе варзишгарон, мураббиён ва рохбарони ташкилотхои варзиширо аз зиёда аз 22 кишвари минтака чамъ овард.
Дар доираи чаласахо масъалахои асосии омодаги ба мусобикахои байналмилалии оянда, аз чумла:
1. III-юм бозихои Юниори дар Осиё дар Бахрайн,
2. Бозихои Осиё оид ба санъати харби Дар Эр-Риёд (Арабистони Сауди, 2026),
3. Бозихои XX Осиё дар Айчи-Ногай (Чопон, 2026),
4. Омодаги ба Олимпиадаи Лос-Анчелес — 2028.
Форум 8 апрел ба итмом мерасад. Гайр аз барномаи тичорати, иштирокчиён бо мероси таърихию фархангии Душанбе шинос мешаванд.
АКСХО: Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон