Москва, 9 майи соли 2025 АИ Караван Инфо. Дар Москва чаласаи дахуми гурухи кории сатхи баланд оид ба масъалахои бахри Каспий баргузор шуд, ки дар он хайатхои хамаи панч давлати назди Каспий: Озарбойчон, Эрон, Казокистон, Русия ва Туркманистон иштирок намуданд. Музокирот тахти раёсати Рохбари хайати Русия Михаил Петраков баргузор шуд.

Мавзуи асосии мухокима дар чаласа идомаи кор дар методикаи мукаррар намудани хатхои мустакими ибтидои дар бахри Каспий буд. Намояндагони хайатхо вазъи кунунии хамкорихои байни кишвархои наздикаспийро дар сохахои гуногуни мавриди таваччухи тарафайн муфассал барраси намуданд.
Илова бар ин, дар доираи чаласа иштирокчиён масъалахои марбут ба омодаги ба мулокоти ояндаи вазирони корхои хоричии давлатхои наздикаспийро барраси намуданд. Ин вохури барои мархилаи мухим дар рушди минбаъдаи хамкории минтакави ва мухокимаи масъалахои асосии рузномаи каспий пешбини шудааст.
Пас аз анчоми музокироти серуза, хамаи хайатхо ба чониби русия барои сатхи баланди ташкили чаласаи гузашта изхори сипос намуданд. Карор кабул шуд, ки вохурии навбатии гурухи кории сатхи баланд дар Туркманистон баргузор шавад, ки мухлати он тавассути каналхои дипломати байни чонибхои манфиатдор мувофика намуда шавад.
Аксхо: ВКХ ЧК