Ислохоти идораи сиёсати хоричи бо бархам додани аксари барномахои USAID мувофикат мекунад
Москва, 12 июли соли 2025 «АИ Караван Инфо». Департаменти давлатии ИМА дар доираи накшаи азнавташкилдихии Маъмурияти Трамп ба ихтисори оммави шуруъ намуд, ки ба беш аз 1300 корманд таъсир расонд, хабар медихад Associated Press. (https://apnews.com/article/layoffs-diplomats-state-department-trump-rubio-bfdb86767b7bd5b6570819d404a7782e)

“Департаменти давлати ба 1107 корманди давлати ва 246 корманди хадамоти дипломати, ки дар корхои дохилии ИМА кор мекунанд, огохинома дар бораи аз кор озод шуданро ирсол мекунад” гуфт намояндаи баландпояи Департаменти Давлати.
Ба дипломатхо рухсатии маъмурии 120-руза дода мешавад, ки пас аз ба итмом расидани он онхо аз кор озод намуда мешаванд, дар холе ки ба хизматчиёни давлати 60 руз пеш аз ба итмом расидани шартнома чудо намуда мешавад.
Намояндагони Департаменти Давлати кайд мекунанд, ки ин кадамхо ба оптимизатсияи сохтор ва баланд бардоштани самаранокии кори идора равона намуда шудаанд. Аммо, мунаккидони ислохот ба хатархои эхтимоли барои хузури дипломатии ИМА дар чахон ва кохиши имкониятхои вокуниш ба мушкилоти байналмилали ишора мекунанд.
Пештар татбики накша бо сабаби мурофиаи суди ба таъхир афтод, аммо суди Олии ИМА мохи июн ба идомаи ислохот ичозат дод ва онхоро ба салохиятхои хокимияти ичроия мувофик донист.
Бекор НАМУДАНИ USAID: катъи барномахо ва кам намудани кормандон
Барканории оммави идомаи курси тачдиди сиёсати кумаки хоричи буд. Дар мохи феврали соли 2025, президент Трамп фармони боздоштани кисми зиёди кумаки байналмилали ва азнавташкилдихии Минбаъдаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилали (USAID) – ро имзо намуд. Тибки маълумоти Департаменти Давлати, то мохи июл 83% барномахои амалкунандаи агенти бархам дода шуданд, 17% бокимонда ба сохтори худи идораи сиёсати хоричи дода шуданд.
Камшави ба зиёда аз 90% кормандони USAID таъсир расонд, бисёре аз кормандон ба рухсатии бемузд фиристода шуданд ва сарнавишти минбаъдаи онхо номуайян боки мемонад. Миллиардхо доллар, ки барои лоихахои башардустона ва инфрасохтори дар даххо кишвар пешбини шудаанд, низ ях намуда шуданд.
Маъмурияти Трамп чунин икдомхоро бо зарурати мубориза бо коррупсия ва бесамари дар системаи кумаки байналмилали асоснок мекунад. Дар хамин хол, намояндагони мухолифин ва тахлилгарони байналмилали хушдор медиханд, ки катъи барномахо метавонад нуфузи ИМА дар хоричаро кохиш дихад ва барои фаъолияти дигар кудратхои бузург чой фарохам орад.
Интизор меравад, ки дар хафтахои оянда дар Конгресс ва судхо мухокимаи окибатхои ислохот, аз чумла дар пасманзари бад шудани вазъи башардустонаи чахони ва мушкилоти сиёси идома ебад.
Аксхо аз манбаъхои кушода