Душанбе, 30 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароите, ки бемориҳои ғайрисироятӣ ба яке аз таҳдидҳои ҷиддии саломатии ҷомеа табдил меёбанд, масъалаи мубориза бо диабети қанд дар маркази таваҷҷуҳи илм ва тиб қарор гирифтааст. Бо ҳамин ҳадаф дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бемории диабети қанд, роҳҳои пешгирӣ ва табобати он» баргузор гардид.

Ҳамоиш дар доираи иҷрои бандҳои алоҳидаи «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултетҳои самти тиббӣ баргузор шуда, олимон, табибон ва мутахассисони соҳаро гирди ҳам овард.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки афзоиши шумораи гирифторони диабети қанд дар солҳои охир нигаронкунанда буда, андешидани тадбирҳои муассири пешгирӣ ва муолиҷаро тақозо менамояд.
Тибқи маълумот, соли 2025 шумораи гирифторони диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 ҳазору 505 нафарро ташкил додааст. Аз ин теъдод 1388 нафар ба диабети навъи якум ва 92 ҳазору 117 нафар ба навъи дуюм гирифторанд. Ба андешаи мутахассисон, фарбеҳӣ, баланд будани сатҳи холестерин ва равған дар таркиби хун аз сабабҳои асосии паҳншавии ин беморӣ маҳсуб меёбанд.
Таъкид гардид, ки диабети қанд бемории мураккаб буда, на танҳо мубодилаи қандро вайрон мекунад, балки метавонад ба тамоми рагҳои бадан осеб расонад. Омилҳои ирсӣ, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, бемориҳои эндокринологӣ, иллатҳои ғадуди зери меъда ва ҳолати равонии инсон метавонанд ба пайдоиши он мусоидат намоянд. Дар баробари ин, истеъмоли нодурусти хӯрок яке аз омилҳои калидии рушди диабет дар ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Дар ҷамъбасти конференсия мутахассисон зарурати пешгирии омилҳои хатари диабети қанд, ташхиси барвақт ва табобати саривақтии беморӣ-ро таъкид намуда, ба иштирокдорон тавсияҳои мушаххас пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи табибон, худдорӣ аз истеъмоли ғизоҳои бирёну серравған, шӯру тунд, нигоҳ доштани вазн дар меъёри муътадил ва машғул шудан ба фаъолияти ҷисмонӣ барои коҳиши хатари гирифторӣ ба диабети қанд бисёр муҳим аст. Парҳез, ба андешаи онҳо, маҳдудият нест, балки роҳи одӣ ва муассири ҳифзи саломатӣ мебошад.
Табибон бар он назаранд, ки истеъмоли ғизоҳои парҳезӣ ҳатто барои одамони солим низ судманд аст. Пурхӯрӣ, ки дар маъракаҳо ва рӯзгори рӯзмарра ба як одати маъмул табдил ёфтааст, метавонад паёмадҳои номатлуб дошта бошад. Ҳушдори бузургони гузашта дар бораи зиёдаравӣ дар хӯрок имрӯз низ аҳамияти хоса дорад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
