Дил то зарбаи аввал: дар Казокистон дакикии ташхиси пеш аз таваллуди ВПС меафзояд – ИА Караван Инфо
Дил то зарбаи аввал: дар Казокистон дакикии ташхиси пеш аз таваллуди ВПС меафзояд

ОСТОНА, 2 июл – АИ «Караван инфо». Дар Казокистон бори аввал дар сохаи тибби пеш аз таваллуд натичаи назаррас ба даст оварда шуд: 74% нуксонхои модарзодии дил дар хомила холо пеш аз таваллуд ошкор намуда мешаванд. Ин пешрафт ба табибон имкон медихад, ки дар рузхои аввали хаёти кудак ба таври фаври дахолат кунанд ва ба ояндаи солим имконият диханд.

Ин ба туфайли талошхои маркази Чумхуриявии хифзи хомила ва Маркази дили Фонди “University Medical Center” бо дастгирии Вазорати тандурустии ЧК ба даст оварда шуд. Стандартхои навшудаи ташхис, протоколи васеи Муоинаи дил ва омузиши табибон аз тамоми минтакахои кишвар чори намуда шуданд.

Аз соли 2024 дар доираи барномаи давлати мастер-классхо оид ба эхокардиографияи хомила бо иштироки коршиносони Русия ва Аврупо баргузор шуданд. Мохи июни соли 2025 дар Остона II –юмин конгресси Байналмилалии баргузор шуд, ки дар он карор кабул карда шуд, ки рушди ташхиси пеш аз таваллудро идома диханд.

Кори муштараки мутахассисон моро ба хадафи асосии начот додани хар як дили кудак, хатто пеш аз зарбаи аввалини он наздик мекунад.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: