ОСТОНА, 27 декабр 2025 АИ «Караван Инфо». Ба артисти халқии Қазоқистон ва овозхони машҳури ҷаҳонӣ Димаш Кудойберген унвони профессори фахрии донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи С. Асфендияров дода шудааст. Ҷоизаро ба ҳунарпеша ректори донишгоҳ Марат Шоранов супорида, саҳми ӯро дар рушди фарҳанг, тарбияи маънавии ҷавонон ва таҳкими имиҷи байналмилалии кишвар қайд намуд.

Ҳангоми мулоқот бо донишҷӯён, Димаш дар бораи роҳи худ ба эътирофи ҷаҳонӣ сухан ронд ва аҳамияти арзишҳои ахлоқӣ, масъулият ва садоқат ба решаҳои миллиро таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ, сарвати маънавии инсон асоси ҳама гуна дастовардҳо мебошад, ки бе он ҳатто муваффақият маънои худро гум мекунад.
Дар муроҷиат ба табибони оянда, ҳунарпеша аҳамияти махсуси касби тиббиро қайд намуд. Вай таъкид намуд, ки тиб такмили доимии худ ва масъулияти баландро талаб мекунад ва табибонро қаҳрамонони ҳақиқӣ номид, ки ҳар рӯз ҳаётро наҷот медиҳанд.
Қисми гарми чорабинӣ баромади мусиқии якҷояи Димаш бо донишҷӯёни иштирокчии ансамбли асбобҳои халқии “Дала сази” буд. Онҳо якҷоя кюй “Адай” – ро иҷро намуданд, ки қарсакҳои самимиро ба бор овард ва толорро бо фазои умумии эҳтиром ба санъат ва анъанаҳо муттаҳид намуд.
Аксҳо аз бойгонии шахсии Димаш Кудойберген
