Душанбе, 20 август, АИ «Караван Инфо».Сафари муовини Президенти шурои чахонии хунархои бадеии халки дар минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором Сундиипи Кумар ба Точикистон дар сохаи дипломатияи фарханги руйдоди мухим гардид. Санаи 19 август у ба осорхонаи Миллии Точикистон ташриф овард, ки дар он чо бо мероси бойтарини таърихи ва бадеии кишвар шинос шуд.

Ба гуфтаи Сундиипи Кумар, Точикистон анъанахои беназире дорад, ки ба таври органики ба заминаи мероси фархангии чахони мувофикат мекунанд. Коршиноси байналмилали ба дузандагии точики, аз чумла мактаби гулдузи дар Панчакент таваччухи хоса зохир кард, ки ба гуфтаи у, “на танхо ороиши рузгор, балки рамзи мухими хувияти милли низ мебошад”.
Сундиип Кумар зиёда аз чор дахсола дар сохахои санъат, дизайн, идоракунии бренд ва идоракунии стратеги кор кардааст.
Дар портфели касбии у хамкори бо ширкатхои бузурги чахони Dalmia Bharat, Novartis, SABMiller, Godfrey Phillips, инчунин бо агентихои пешрафтаи таблиготии байналмилали мебошад.
Хамчун рохбари ташаббусхои Craft Béton ва Craft Village, у дар хифз ва пешбурди хунархои мардуми ва мероси фархангии гайримодди, аз чумла объектхои ЮНЕСКО сахми назаррас гузоштааст.
Ташрифи намояндаи чунин сохтори бонуфузи байналмилали ба Точикистон аз афзоиши таваччухи чомеаи чахони ба сарвати фархангии чумхури шаходат медихад. Ин барои хамгироии хунархои анъанави ба лоихахои байналмилали дурнамои нав мекушояд, имкониятхоро барои иштироки устодони Точик дар намоишгоххо ва ярмаркахои чахони васеъ намуда, ба тахкими обруи кишвар хамчун нигахбони арзишхои аслии фарханги мусоидат менамояд.
Коршиносон кайд мекунанд, ки таваччухи шурои чахонии хунархои мардуми ба Точикистон метавонад барои шарикии дарозмуддат асос гардад. Дар оянда сухан на танхо дар бораи лоихахои фарханги, балки дар бораи рушди сайёхии хунарманди, ташкили барномахои муштараки таълими ва тавсеаи бозорхои байналмилалии фуруш барои махсулоти устодони точик меравад.
Хамин тарик, сафари Сундиипи Кумар ба Точикистон метавон хамчун кадами мухим дар рохи фаъолтар шомил кардани кишвар ба муколамаи фархангии чахони арзёби кард.
АКСХО: осорхонаи Миллии Точикистон