Дипломатияи экологӣ дар амал: Тоҷикистон мавқеи «сабз»-и худро дар доираи СҲШ тақвият медиҳад – ИА Караван Инфо
Дипломатияи экологӣ дар амал: Тоҷикистон мавқеи «сабз»-и худро дар доираи СҲШ тақвият медиҳад

Душанбе, 06 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон талошҳои худро дар самти дипломатияи экологӣ тақвият дода, ташаббусҳои марбут ба рушди устувор ва масъалаҳои иқлимиро дар сатҳи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ менамояд. Иштироки ҳайати кишвар дар ҷаласаи ҳафтуми сохторҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, далели равшани ин раванд аст.

Тибқи иттилои АИ «Корвон Иттилоот», ин чорабинӣ 3 апрел баргузор шуда, ба 25-солагии СҲШ бахшида гардид. Он таҳти шиори «Бо ҳам ба сӯи сулҳи устувор, рушд ва шукуфоӣ» доир шуд.

Дар ҷаласа Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон намояндагӣ намуд, ки ин аз сатҳи баланди иштироки кишвар дар баррасии масъалаҳои муҳими экологӣ шаҳодат медиҳад.

Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиён масъалаҳои муҳими муҳити зист қарор доштанд, аз ҷумла рушди устувор, тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳтар намудани сифати ҳаво ва ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз».

Дар суханронии худ намояндаи Тоҷикистон аҳамияти ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун шарти асосии рушди устувор таъкид намуд. Ҳамчунин сиёсати пайгиронаи кишвар дар самти иқтисоди «сабз», истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи экосистемаҳо зикр гардид.

Нақши пешбарандаи Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо низ махсус таъкид шуд. Аз ҷумла, ташаббуси эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба таваҷҷуҳи иштирокчиён пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, давлатҳои узв ба иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват шуданд.

Коршиносон бар онанд, ки иштирок дар чунин чорабиниҳо ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки на танҳо дар равандҳои минтақавӣ саҳм гузорад, балки ташаббусҳои худро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

error: