Душанбе, 04 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Пойтахти Тоҷикистон аз 25 то 28 майи соли 2026 мизбони Чаҳорумин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» мегардад. Дар бораи баргузории ҳамоиш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ хабар дод.

Ин конфронс марҳилаи муҳими раванди «Душанбе — пойтахти об» ба шумор меравад, ки дар солҳои охир ба минбари эътирофшудаи ҷаҳонӣ барои пешбурди рӯзномаи об табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал ва ҳамраиси Конфронси СММ оид ба захираҳои оби соли 2023 мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ пайваста таҳким мебахшад.
Форуми соли 2026 ҳамчун марҳилаи муҳими омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои оби соли 2026 арзёбӣ мешавад. Ҳадафи асосӣ — суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафи 6-уми рушди устувор, ҷалби манобеи молиявӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ дар шароити афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим мебошад. Ҳамзамон конфронс заминаи стратегиро барои омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои оби соли 2028, ки баргузории он низ дар Тоҷикистон дар назар аст, фароҳам меорад.
Интизор меравад, ки дар ҳамоиш сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, сохторҳои низоми СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, марказҳои илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ ширкат варзанд. Барнома ҷаласаҳои пленарии сатҳи баланд, нӯҳ нишасти мавзӯӣ, форумҳои пешакӣ ва намоишгоҳи байналмилалиро дар бар мегирад. Ҷаласаи омодагии минтақавӣ, ки бо ташаббуси Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор мешавад, ба кишварҳои минтақа имконият медиҳад мавқеъҳои худро ҳамоҳанг сохта, саҳми муштараки худро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тақвият бахшанд.
Ҳуҷҷатҳои ҷамъбастӣ — Эъломия, Хулосаи ҳамраисон ва саҳми расмӣ ба конфронси СММ соли 2026 — натиҷаҳои бадастомадаро инъикос хоҳанд кард. Душанбе бори дигар мақоми худро ҳамчун маркази муколамаи ҷаҳонӣ дар масъалаи об тасдиқ намуда, давлатҳоро ба хотири рушди устувор ва мутобиқ ба тағйирёбии иқлим муттаҳид месозад.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
