Душанбе, 09 июл, АИ «Караван инфо». Пойтахти Точикистон ба баргузории намоишгохи дуюми байналмилалии сайёхии Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE-2025, ки аз 18 то 20 сентябри соли 2025 ба ифтихори рузи чахонии сайёхи баргузор мешавад, омодаги мегирад. Ташаббус ба Раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали тааллук дорад ва бо дастгирии макомоти Ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе амали намуда мешавад.

Максади асосии намоишгох табдил додани Душанбе ба маркази минтакавии сайёхи, муаррифии иктидори сайёхии Точикистон дар арсаи байналмилали, тахкими робитахои шарики, инчунин пешбурди хизматрасонихои босифати сайёхи мебошад. DITE-2025 барои мусоидат ба:
- ташаккули бозори сайёхии минтакави,
- чалби сармояи хусуси,
- рушди сайёхии тибби, солимгардони, таърихи-фарханги ва экологи,
- мубодилаи тачрибаи пешкадам дар сохаи хизматрасонии мехмонхона ва экскурсия.
Интизор меравад, ки зиёда аз 200 намояндаи соха иштирок намуда, зиёда аз 400 мехмон аз хоричи дуру наздик ба ин кишвар меоянд.
Баргузории намоишгох дар доираи Накшаи чорабинихо ва тахти хамохангсозии Кумитаи ташкилие, ки бо карори раиси шахри Душанбе тасдик шудааст, амали намуда мешавад. Хамохангсозии корхои тайёри ба шуъбаи рушди сайёхии шахр вогузор шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аввалин намоишгохи байналмилалии сайёхии DITE мохи сентябри соли 2024 баргузор гардид. Дар он 20 ширкати хоричи аз 16 шахри хоричи, 90 корхонаи сайёхии ватани иштирок намуданд.
Баргузории DITE – 2025 обруи Душанберо хамчун маркази сайёхии кушод, чолиб ва босуръат рушдёбандаи Осиёи Маркази мустахкам менамояд. Чунин форумхои байналмилали, тавре, ки мисолхои чахони нишон медиханд, нуктахои асосии рушд барои сохаи сайёхи ва иктисоди милли мебошанд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода