Донишҷӯи Қазоқистон дар озмун дар Беларусия Гран-приро ба даст овард
Витебск, 13 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Донишҷӯи академияи миллии санъати Қазоқистон Акерке Амалят дар фестивал-озмуни байналмилалии Арт-парад дар Витебск дар Беларусия Гран-при ба даст овард.

Вай суруди халқии қазоқро дар номинатсияи “Вокал” иҷро намуд ва 129 хол ба даст овард. Дар озмун зиёда аз 1200 ҳунарманд аз 12 кишвар иштирок намуданд.
Акерке Амалят қаблан дар мусобиқаҳои байналмилалии мусиқӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолиб омада буд.
Аксҳо: Вазорати Фарҳанг ва иттилооти ҶҚ
