Душанбе, 18 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 15 ноябр дар Донишгоҳи Кувайт мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯён баргузор шуданд, ки дар он бештар аз 3 000 иштирокчӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат намуданд. Дар ин мусобиқаҳо донишҷӯи тоҷик Бузургмеҳр Каримов, курсанти курси 3-юм, сазовори ҷойи якум дар риштаи тирандозӣ гардид.

Тавре ки дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қайд намуданд, пирӯзи Каримов на танҳо дастоварди шахсии донишҷӯ мебошад, балки намунаи равшанест, ки чӣ тавр иштироки донишҷӯёни тоҷик дар чорабиниҳои байналмилалии таҳсилӣ ва варзишӣ ба таҳкими ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳо мусоидат мекунад.
Донишгоҳи Кувайт, ки мусобиқаҳо дар он баргузор шуданд, зиёда аз 43 000 донишҷӯ ва 15 факулта дорад, ки барои рушди истеъдодҳо ва мубодилаи таҷриба миёни ҷавонон аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Чорабиниҳои монанд на танҳо имконият медиҳанд, ки донишҷӯён қобилиятҳои варзишии худро нишон диҳанд, балки инчунин иртиботҳои байнифарҳангӣ васеъ ва малакаи кор дар даста, ҳамчунин муаррифии кишвари худ дар арсаи байналмилалиро такмил бахшанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
