Душанбе, 15 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафари ҳайати 13-нафараи устодону донишҷӯёни Донишкада ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия тибқи даъвати Донишкадаи санъати театрии Россия – ГИТИС рӯзҳои 12–20 ноябри соли 2025 идома дорад.

Дар доираи сафари корӣ ҳайат дар Фестивали театрии кишварҳои ИДМ «ГИТИС – мастер-класс» иштирок намуда, ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз ҷониби донишҷӯёни курси чоруми шуъбаи актёрӣ намоишномаи “Ҷавонии Мушфиқӣ” бар асоси асари Т. Зулфиқоров таҳти коргардонии Асадуллозода Шуҷоат ба саҳна гузошта мешавад.
Ҳамчунин, дар рӯзҳои баргузории фестивал иштирокчиён дар як қатор дарсҳои маҳорат ва экскурсияҳои соҳавӣ ширкат хоҳанд намуд, ки имкон медиҳад донишҷӯён таҷрибаи байналмилалӣ ва малакаҳои касбиро такмил бахшанд.
АКС: АИ «Корвон Иттилоот»
