Донишгоҳҳои Олии Қазоқистон ва Маҷористон барномаи магистратураи дудипломӣ оғоз намуданд – ИА Караван Инфо
Донишгоҳҳои Олии Қазоқистон ва Маҷористон барномаи магистратураи дудипломӣ оғоз намуданд

Остона, 12 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Дар доираи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат дар бораи тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи дипломатияи обӣ, донишгоҳи Миллии Хоҷагии об ва обёрии Қазоқистон (КазНУВХИ) якҷоя бо донишгоҳи Маҷористон Корвинус барномаи магистратураи дудипломӣ “Идоракунии захираҳои об бо таваҷҷӯҳ ба дипломатияи обӣ” – ро оғоз намуд.

Лоиҳа як қисми ҳамкории васеи байналмилалӣ гардид: комиссияи Аврупо ба консорсиуми ҳафт донишгоҳ, аз ҷумла КазНУВХИ, барои таҳияи барномаи муштараки магистрӣ гранти Erasmus Mundus дар ҳаҷми 60 000 евро ҷудо намуд. Дар охири моҳи октябр, коршиносони консорсиум аввалин ҷаласаро дар Будапешт баргузор мекунанд, ки дар он пешниҳод намуда мешавад, ки маркази Муттаҳидаи идоракунии захираҳои об бо қароргоҳи худ дар Тараз таъсис дода шавад. Дар сурати тасдиқи лоиҳа, буҷаи он 5 миллион евроро ташкил медиҳад ва мӯҳлати татбиқи он шаш сол аст.

Ректори КазНУВХИ Камшат Тусупова қайд намуд, ки барнома ба донишҷӯён малакаҳои амалиро барои гуфтушунид оид ба идоракунии захираҳои умумии об таълим медиҳад.

Вазири захираҳои об ва обёрӣ Нурҷон Нурҷигитов хабар дод, ки вазорати ӯ барои баланд бардоштани иқтидори кадрҳои соҳаи об корҳои комплексӣ анҷом медиҳад. Дар айни замон тақрибан 2500 нафар аз рӯи ихтисосҳои обӣ таҳсил мекунанд. Шумораи донишҷӯёне, ки дар корхонаҳои хоҷагии об таҷрибаомӯзӣ намудаанд, аз 82 адад дар соли 2024 то 450 дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.

Аксҳо: аз манбаъҳои кушода

error: