Остона, 14 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Ду танкер, ки барои интиқоли нафти қазоқистон ба иҷора гирифта шуда буданд, дар акваторияи баҳри Сиёҳ мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифтанд. Дар ин бора Вазорати энергетикаи Қазоқистон хабар дод.

Танкери Matilda зери парчами Малта аз таркиш осеб дидааст, аммо баҳргузаронии худро нигоҳ доштааст. Дар танкери Delta Harmony зери парчами Либерия сӯхтор сар зад, ки бартараф намуда шуд. Дар байни экипажҳои ҳарду киштӣ осебдидагон нестанд.
Вазорат мушаххас намуд, ки дар лаҳзаи ҳамла боркунии нафт ба Delta Harmony ҳанӯз анҷом дода нашудааст, аз ин рӯ ба захираҳои содиротии Қазоқистон зарар нарасидааст. Вазорати энергетика бо “Казмунайгаз” барои таъмини бехатарии таъминот ҳамкорӣ мекунад.
Консорсиуми қубурҳои каспий (КҚК) роҳи калидии содироти нафти қазоқистон тавассути терминали Новороссийск мебошад. Дар солҳои 2024-2025 чунин ҳодисаҳо бо киштиҳои ин минтақа ба қайд гирифта шуда буданд, ки боркуниро муваққатан боздоштанд.
Аксҳо: freepik/TravelScape
