Душанбе ба майдони саноатии ИДМ ва Осиёи Маркази табдил ёфтан омодаги мегирад: ду вохурии мухими вазирон бори аввал баргузор мешаванд – ИА Караван Инфо
Душанбе ба майдони саноатии ИДМ ва Осиёи Маркази табдил ёфтан омодаги мегирад: ду вохурии мухими вазирон бори аввал баргузор мешаванд

Душанбе, 15 май, АИ Караван Инфо. Душанбе маркази муколама оид ба масъалахои кооператсияи саноати ва рушди технологи дар доираи Иттиходи Давлатхои Мустакил ва Осиёи Маркази мегардад. Санаи 4 июн дар пойтахти кишвар Чаласаи XI Шурои Сиёсати саноатии ИДМ ва нахустин мулокоти Машваратии вазирони саноати давлатхои Осиёи Маркази баргузор мегардад.

Ин вохурихо дар арафаи чаласаи шурои сарони хукуматхои ИДМ, ки санаи 5 июн дар Душанбе дар доираи раёсати Точикистон дар Иттиход дар соли 2025 ба накша гирифта шудааст, баргузор мешаванд.

Ба чорабинихо вазирони саноат аз: Арманистон, Беларус, Казокистон, Киргизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Узбекистон, инчунин дар макоми мехмон аз Озарбойчон даъват намуда мешаванд. Чаласахо тахти раёсати вазири саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон баргузор мешаванд.

Рузномаи Чаласаи Шурои сиёсати саноати доираи васеи масъалахои стратегиро дар бар мегирад, ки дар байни онхо:

  •  рушди кооператсия дар сохаи мошинсозии вазнин (лоихаи Созишнома барои барраси дар Шурои сарони хукуматхои ИДМ омода намуда шудааст);
  • чори намудани карорхои раками дар сохахои кухи-металлурги ва кимиё;
  •  дастгирии киштисозии шахрванди, мошинсозии нафту газ ва кимиё;
  • дурнамои маводи баландтехнологи ва такрори саноати;
  •  табодули кадрхо ва тайёр намудани мутахассисон дар сохахои асоси.

Ташкилотхои асосии пешбари ИДМ дар ин самтхо инхоянд: РГУ нафту газ ба номи  Губкин, донишгохи Кимиёви-технологии ба номи Менделеев, НИТУ МИСиС, НИС институти Курчатов ВИАМ, маркази Илми – истехсолии саноати бофандаги ва сабук.

Ташаббуси баргузории нахустин мулокоти Машваратии вазирони саноати Осиёи Маркази ба Президенти Точикистон Эмомали Рахмон тааллук дорад, ки онро дар мулокоти сарони давлатхои минтака санаи 9 августи соли 2024 дар Остона эълон намуд.

Вохури бахшида мешавад:

 ба тахлили сатхи кунунии хамкории саноати дар минтака;

  • тахияи механизмхои кооператсияи саноати дар асоси иктидори умумии захирави ва технологи;
  •  ба мухокимаи иштироки кишвархои минтака дар лоихахои муштараки инфрасохтори ва инноватсиони;
  •  ба тахияи стратегияи дарозмуддати рушди устувори саноати минтака.

Дар доираи чорабинихо дар Душанбе инчунин намоишгохи саноати баргузор мегардад, ки дар он иктидори саноатии Точикистон, аз чумла самтхои ба содирот нигаронидашуда, истехсолоти махаллигардонидашуда ва лоихахо дар сохаи табдили раками муаррифи намуда мешавад.

Дар натичаи чорабинихо имзои хуччати чамъбасти ба накша гирифта шудааст, ки созишномахои асоси, самтхои хамкори ва механизмхои татбики амалии карорхоро сабт мекунад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: