Душанбе, 29 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 31 январ барои меҳмонон ва сайёҳон маршрути сайёҳии ройгон бо номи «Сайри Сада» ташкил мешавад. Инисиатори чорабинӣ шаҳрдории Душанбе мебошад ва он дар доираи таҷлили ҷашни бостонии Сада гузаронида мешавад, ки нишонаи фарорасии баҳор ва ҷузъи муҳими мероси фарҳангии кишвар мебошад.

Дар чорабинӣ сайёҳони хориҷӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷӣ ва намояндагони ВАО иштирок хоҳанд кард. Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки маршрути мазкур барои аҳолии васеъ пешбинӣ шудааст ва имконият медиҳад, ки сайёҳон бо имкониятҳои туристии Душанбе, таърихи ҷашни Сада ва хусусиятҳои фарҳангии пойтахт ошно шаванд.
Ҷамъшавии иштирокчиён рӯзи 31 январ соати 08:00 назди ёдгории Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Соати 08:30 колонна ба Ҷойи таҷлили ҷашн — Парки фарҳанг ва фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ҳаракат хоҳад кард. Ҳамроҳии экскурсионӣ ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор мегардад, ва роҳнамоён дар бораи ҷойҳои таърихӣ, маршрутҳои туристӣ ва анъанаҳои ҷашн маълумот медиҳанд.
Мутахассисони соҳаи туризм таъкид мекунанд, ки чунин ташаббусҳо рушди туризми дохилӣ ва байналмилалиро таъмин намуда, меҳмононро бо анъанаҳои фарҳангии Тоҷикистон ошно мекунанд ва таваҷҷӯҳи мардумро ба ҷашнҳои таърихӣ баланд мебардоранд. Маршрутҳои сайёҳии ройгон таҷрибаи туристиро барои аҳолии васеъ, аз ҷумла хориҷиён ва ҷавонон дастрас мекунанд ва шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри меҳмоннавоз ва пур аз фарҳанг муаррифӣ мегардад.
ФОТО: Шӯъбаи сайёҳии шаҳрдории Душанбе
