Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии вазирони иқтисод ва тиҷорати давлатҳои узви СҲШ мешавад – ИА Караван Инфо
Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии вазирони иқтисод ва тиҷорати давлатҳои узви СҲШ мешавад

Душанбе, 13 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».   24-умин ҷаласаи вазирони иқтисод ва тиҷорати давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Русия баргузор шуд, ки намояндагони ҳамаи кишварҳои узв тавассути видеоконфронс дар он иштирок карданд. Дар ин ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Завки Завкизода низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа Завки Завкизода таъкид кард, ки минбаъд ба туфайли сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои роҳбарони давлатҳои узви СҲШ, заминаи устувори ҳамкорӣ эҷод шудааст.

Таваҷҷуҳи махсус ба аҳамияти платформаҳои СҲШ барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт ва рақамигардонӣ равона гардид. Ҳамчунин зикр шуд, ки зиёда аз 70 дарсади гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои узви СҲШ рост меояд.

Вазир инчунин зарурати фаъолсозии татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои «Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030»-ро, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул шудааст, таъкид намуд.

Тавассути ҷаласа пешниҳодҳо оид ба рушди иқтисоди рақамӣ, савдои электронӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ ва ҳамкории саноатӣ пешниҳод карда шуданд, ки аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки ҷаласаи навбатии вазирони иқтисод ва тиҷорати давлатҳои узви СҲШ соли 2026 дар Душанбе баргузор мешавад. Таърих ва ҷузъиёти баргузории он тавассути каналҳои дипломатӣ маълум карда хоҳад шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: