Душанбе, 03 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конференсияи навбатии Хартияи энергетикӣ баргузор мешавад, ки яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар самти рушди устувори энергетика ва ҳамкории кишварҳо дар ин соҳа ба ҳисоб меравад.

Дар бораи баргузории ин конференсия зимни мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурута хабар дода шуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуотии вазорат.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар самти энергетика ва захираҳои об баррасӣ намуда, оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла афзоиши самаранокии энергетикӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мубодилаи назар намуданд.
Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои навсозии инфрасохтори гидроэнергетикӣ, рушди энергетикаи «сабз» ва рақамигардонии низоми идораи захираҳои об равона гардид. Япония дар солҳои охир ҳамчун яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар соҳаи энергетика шинохта шуда, барномаҳои кӯмаки техникиву рушди устуворро дастгирӣ менамояд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Хартияи энергетикӣ, ки платформаи муҳими муколама оид ба амнияти энергетикӣ, сармоягузорӣ ва рушди устувор мебошад, мубодилаи назар карданд.
Баргузории конференсия дар Душанбе барои баррасии чолишҳои муосири соҳаи энергетика ва тақвияти мавқеи Тоҷикистон дар рӯзномаи байналмилалӣ имконияти муҳим фароҳам меорад.
Барпо шудани Конференсияи Хартияи энергетикӣ дар Душанбе нишонгари нақши афзояндаи Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли муколамаи ҷаҳонии энергетикӣ мебошад. Барои кишваре, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аст, ин чорабинӣ на танҳо эътирофи саҳмаш дар рушди энергетикаи устувор аст, балки заминаи ҷалби сармоя, табодули технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои пешрафта ба ҳисоб меравад.
Акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
