Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳро пеш аз мӯҳлат иҷро кард – ИА Караван Инфо
Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳро пеш аз мӯҳлат иҷро кард

Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар сафи Артиши миллӣ пеш аз муҳлат пурра иҷро намуд. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар саҳифаи расмии худ дар Telegram хабар дод

Тибқи иттилоъ, нақшаи даъват пеш аз анҷоми муҳлати муқарраргардида пурра иҷро шудааст. Ин дастовард натиҷаи кори ҳамоҳангшудаи комиссияҳои даъватӣ, мақомоти маҳаллӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҷавонон мебошад.

Қаблан дар бораи иҷрои садфоизаи нақшаи даъвати тирамоҳӣ аз вилояти Хатлон низ хабар дода шуд, ки дар он чорабиниҳои даъватӣ бо тартиби намунавӣ ва сари вақт анҷом ёфтанд.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, даъвати тирамоҳӣ анъанавӣ аз моҳи октябр то ноябр идома меёбад. Иҷрои пешазмӯҳлати нақша дар як қатор минтақаҳо нишонаи шинохти баланди ватандӯстӣ ва омодагии ҷавонон ба иҷрои қарзи муқаддаси ҳарбӣ мебошад.

Акс: манбаъҳои кушод

error: