Душанбе, 12 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 16 то 18 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баргузор мегардад. Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) роҳандозӣ мешавад.

Тоҷикистон аз соли 2007 аъзои комилҳуқуқи ЮНВТО мебошад. Баргузории форум қадами муҳим дар роҳи тақвияти мавқеи ҷумҳурӣ дар ҷомеаи байналмилалии сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» ва марҳилаи сеюми «Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030» маҳсуб меёбад.
Дар кори форум ширкат меварзанд:
- роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви ЮНВТО;
- намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистон;
- корпуси дипломатӣ, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои миллӣ дар бахши сайёҳӣ;
- ширкатҳои сайёҳии дохилӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ;
- коршиносон, марказҳои иттилоотию хизматрасонӣ, рӯзноманигорон ва блогерон аз дохил ва хориҷ.
Мавзӯъҳои асосии форум иборатанд аз:
- ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷриба байни кишварҳои узви ЮНВТО;
- ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ;
- тавсеа ва навсозии инфрасохтор;
- муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ.
Узвияти Тоҷикистон дар ЮНВТО — яке аз 12 созмони махсусгардонидашудаи СММ — имкониятҳои нав фароҳам меорад: омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, иштироки фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳими соҳа ва таҳкими имиҷи мусбати кишвар ҳамчун самти ҷолиби сайёҳӣ.
Ғайр аз ин, баргузории форум дар Душанбе шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқоти маркетингӣ ва муайян кардани захираю имконоти воқеии ҷумҳурӣ дар бахши сайёҳӣ фароҳам меорад, ки заминаи рушди устувори ин соҳа дар дарозмуддатро таъмин хоҳад кард.
АКС: аз бойгонӣ
