Душанбе, 07 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ 04 апрел пойтахти Тоҷикистон бори дигар иқтидори худро ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва сайёҳӣ нишон дод: дар Муассисаи давлатии «Наврузгоҳ» фестивали бошукӯҳи «Dushanbe Navruz Fest» баргузор гардид, ки унсурҳои фарҳанги миллӣ ва барномаҳои муосири фароғатиро муттаҳид намуд.

Фестивал бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва иштироки ширкати Бозоршинос баргузор гардида, ҳамоҳангсозии онро шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт ба уҳда дошт. Ҳадафи асосии чорабинӣ фароҳам овардани фазои идона барои сокинон ва меҳмонон, инчунин муаррифии Душанбе ҳамчун самти ҷолиби сайёҳии байналмилалӣ буд.
Барномаи фестивал фарогири чорабиниҳои гуногун буда, барои ҳамаи синну сол пешбинӣ шудааст. Қисмати марказии он барномаи консертии бошукӯҳ бо иштироки ҳунармандони маъруфи ватанӣ ва хориҷӣ буд, ки бо сурудҳо, рақсу саҳнаҳои театрӣ ва намоишҳои визуалӣ фазои идонаро ғанӣ гардонд.
Намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ низ яке аз бахшҳои муҳими фестивалро ташкил дод. Дар он ҳунармандон маҳсулоти дастии худро — аз кулолгарӣ ва қолинбофӣ то заргарӣ ва ҳунарҳои ороишӣ — пешниҳод намуда, имконияти шиносоӣ бо анъанаҳои миллӣ ва харидории тӯҳфаҳои нодирро фароҳам оварданд.

Қисмати гастрономӣ низ таваҷҷуҳи зиёдеро ҷалб намуд: таомҳои миллӣ, шириниҳо ва нӯшокиҳои маҳаллӣ ба меҳмонон пешниҳод гардиданд, ки маззаҳои аслии таомҳои тоҷикро муаррифӣ карданд.
Барномаҳои фароғатӣ — аз бозиҳои варзишиву зеҳнӣ то намоишҳои сиркӣ, сайругашт бо асп ва майдончаҳои кӯдакона — ба иштирокчиён имкони истироҳати фаъол ва фароғати пурмазмун фароҳам оварданд.

Ба гуфтаи коршиносон, «Dushanbe Navruz Fest» ба яке аз рӯйдодҳои муҳими рӯзҳои ид табдил ёфта, иқтидори пойтахтро дар баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ нишон дод. Дар маҷмӯъ, чунин фестивалҳо ба рушди сайёҳӣ, таҳкими бренди фарҳангии шаҳр ва баланд бардоштани имиҷи байналмилалии Душанбе мусоидат мекунанд.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
