Душанбе, 06 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 25 то 28 майи соли 2026 шаҳри Душанбе бори дигар ба яке аз марказҳои калидии муколамаи ҷаҳонӣ оид ба захираҳои об табдил меёбад. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони муҳими байналмилалӣ Чорумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор мегардад.

Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин Даҳсолаи байналмилалӣ ва ҳамраиси Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 мавқеи худро ҳамчун яке аз пешсафони дипломатияи об дар арсаи ҷаҳонӣ устувор менамояд. Конфронси соли 2026 идомаи мантиқии Раванди обии Душанбе мебошад, ки бар натиҷаҳои конфронсҳои солҳои 2018, 2022 ва 2024 такя мекунад ва ҳамзамон марҳилаи муҳими омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2026 ба шумор меравад.
Дар кори конфронс иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, намояндагони илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, халқҳои бумӣ ва бахши хусусӣ дар назар аст. Мавзӯъҳои асосӣ ба татбиқи амалии Рӯзномаи амал дар соҳаи об, суръатбахшии расидан ба Ҳадафи 6-уми Рушди устувори СММ ва ҳифзи динамикаи байналмилалии пас аз Конфронси обии СММ–2023 равона мешаванд.
Барномаи чорабинӣ ҷаласаҳои пленарии сатҳи баланд, нӯҳ ҷаласаи мавзӯӣ мутобиқ ба муколамаҳои интерактивии Конфронси СММ–2026, форумҳои пеш аз конфронс, чорабиниҳои ҳамзамон ва намоишгоҳи байналмилалиро дар бар мегирад. Ҷаласаи омодагии минтақавии ЭСКАТО имконият фароҳам меорад, то кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором мавқеъҳои худро ҳамоҳанг созанд ва саҳми муштараки худро дар муколамаи ҷаҳонии об тақвият диҳанд.
Илова бар муҳокимаҳои сиёсиву коршиносӣ, иштирокчиён бо таҷрибаи амалии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об, инфрасохтори устувори обӣ ва гидроэнергетика, ҳамчунин бо мероси бойи таърихиву фарҳангии кишвар шинос хоҳанд шуд.
Натиҷаҳои асосӣ дар Эъломияи ҷамъбастӣ, Хулосаи ҳамраисон ва саҳми расмӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои оби соли 2026 инъикос меёбанд ва нақши Душанбе ҳамчун яке аз майдонҳои асосии ташаккули сиёсати ҷаҳонии обро тақвият хоҳанд дод.
ФОТО: Министерство иностранных дел Таджикистана
