ДУШАНБЕ – “шахри Сабз”: Дар Душанбе беш аз 10 миллион гул шинонида шудааст – ИА Караван Инфо
ДУШАНБЕ - "шахри Сабз": Дар Душанбе беш аз 10 миллион гул шинонида шудааст

Дар доираи ташаббуси табдил додани Душанбе ба “шахри Сабз” ва ба ифтихори Рузи пойтахти Чумхурии Точикистон дар богхо, хиёбонхо, кучахо ва богхои фархангию фарогатии шахр гулхои мавсими ва бисёрсола, инчунин дарахтони ороиши ва соя шинонида шуданд. Дар давраи тирамохи соли 2024 ва бахори соли 2025, 178 621 дарахти навъи соя, 299 322 дарахти ороиши, 111 619 дарахти мевадиханда ва 41 184 бутта шинонида шуд.

Гайр аз ин, дар гармхонахо гулхои мавсими ва бисёрсола, инчунин дарахтони ороиши ва соя парвариш намуда мешуданд, ки тибки талаботи агротехники дар чойхои махсус барои ин чудошуда шинонида шуданд.

Дар мачмуъ 10 миллиону 618 хазору 178 гул шинонида шуд, ки аз он 3 миллиону 811 хазору 878 бех – мавсими, 947 хазору 275 бех – бисёрсола, 5 миллиону 859 хазору 25 дона – лола ва 1 миллиону 577 хазору 960 буриши садбарг мебошанд.

Ба рушди нихолхои сабз дар пойтахт дар доираи ташаббусхои Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ва кори фаъолонаи шахрдори шахр Рустами Эмомали диккати махсус дода мешавад. Ин талошхо ба бехтар шудани вазъи экологии шахр мусоидат мекунанд. Дар натича, Душанбе яке аз сабзтарин ва аз чихати экологи тозатарин шахрхои чахон дониста шуд.

Хамаи ин ташаббусхо, ки ба кабудизоркуни нигаронида шудаанд, дар тозаги ва фарохам овардани мухити солими экологи барои сокинони шахр накши калиди доранд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: