Душанбе, 06 август, – АИ «Караван инфо». Санаи 1 август дар Пойтахти Покистон Исломобод маросими расмии баргузории гурухи мотосайёхон, ки ба Чумхурии Точикистон мераванд, баргузор шуд.
Саидчон Шафизода, вакили муваккатии Сафорати Точикистон дар Покистон, дар ин маросим суханрони намуда, ахамияти ин ташаббусро таъкид намуда, изхор дошт, ки Душанбе тахкими шарики бо Исломободро дар сохахои тичоративу иктисоди, фарханги ва сайёхи дар катори самтхои афзалиятнок барраси мекунад

Ташаббус дар доираи созишномахое, ки хангоми сафари давлатии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Чумхурии Исломии Покистон ба даст оварда шудаанд, амали намуда мешавад.
Лоиха ба рушди сайёхии фаромарзи, тахкими робитахои фарханги ва гуманитари, инчунин мусоидат ба хамгироии минтакави байни кишвархои Осиёи Маркази ва Чануби — Покистон, Афгонистон, Точикистон ва Узбекистон равона шудааст.
Вай инчунин накши геостратегии Покистонро дар минтакаи Осиёи Чануби таъкид намуд ва изхори бовари намуд, ки муносибатхои дучониба минбаъд мустахкам намуда мешаванд.
Маршрути мотосайёхон арзишхои хамгироии минтакави, эхтироми фарханги ва пойбандии сиёсати марзхои кушодро хамчун асос барои рушди осоишта ва хамкории сайёхи ифода мекунад.
Аксхо: Сафорати Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Исломии Покистон