МОСКВА, 27 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Дувоздаҳ давлат эълон намуданд, ки “эътилофи фавқулодда” – ро барои дастгирии мухторияти Фаластин таъсис медиҳанд. Паймони нав мақсад дорад, ки ба Рамалла дар мубориза бо бӯҳрони вазнини молиявӣ кӯмак кунад.

Ба эътилоф Фаронса, Белгия, Бритониё, Дания, Ирландия, Исландия, Испания, Норвегия, Арабистони Саудӣ, Словения, Швейтсария ва Ҷопон дохил шуданд. Ин кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ба эътидол овардани маъмурияти Фаластин тақрибан 170 миллион доллар ҷудо кунанд.
Тибқи иттилои нашрия, ташаббус посух ба норасоии афзояндаи маблағҳо дар буҷаи мухторияти Фаластин буд, ки ба фаъолияти институтҳои калидии он таҳдид мекунад.
Пештар, 21-уми сентябр, Бритониё давлати Фаластинро расман эътироф намуд. Пас аз Лондон, Канада, Австралия ва Португалия низ чунин қарорҳоро қабул намуданд. Як қатор кишварҳои дигар омодагии худро барои эътирофи Фаластин дар ояндаи наздик эълон намуданд.
Ҳамин тариқ, дастгирии дипломатӣ ва молиявии Фаластин аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шаклҳои нав мегирад, ки ба амалиёти дастаҷамъӣ табдил меёбад, ки Аврупо, Шарқи Наздик ва Осиёро муттаҳид мекунад.
Аксҳо: манбаъҳои Кушода