Бо овоздихии пинхони 19 март дар чараени ичлосияи якуми Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Даъвати хафтум ба вазифаи Раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси олии Чумхурии Точикистон депутат аз хавзаи интихоботии Рашт №12 Файзали Идизода интихоб шуд.

Дар вазифаи муовини якуми Раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон вакили нохияи ягонаи умумичумхуриявии Шермухаммад Шохиён ва муовинони Раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси олии Чумхурии Точикистон вакили шахри Хучанд №13 Мавсума Муини ва вакили нохияи Хоруг №41 Азиз Гиёзода интихоб шуданд.
Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дар суханронии худ аз натичахои интихобот, ки 2 марти соли чори дар фазои озоду демократи ва шаффоф баргузор гардид, изхори каноатманди намуд.
АКСХО: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон