Остона, 5 марти соли 2026-АИ «Караван инфо». Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Қазоқистон дар натиҷаи лоиҳаи TCP/KAZ/4001 семинар гузаронид, ки ба дастгирии таҳияи барномаи дарозмуддати рушди чорводории ширӣ равона шудааст.

Лоиҳа бо дастгирии техникии ФАО барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ, ҳосилнокӣ ва ҷолибияти сармоягузории бахши шир, мувофиқа намудани рушди он бо амалияҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои миллӣ амалӣ намуда шуд.
Ба иштирокчиён натиҷаҳои арзебии ҳамаҷонибаи вазъи кунунии бахши шир ва занҷири истеҳсолӣ – фурӯши он, лоиҳаи Барномаи дарозмуддати рушди чорводории ширӣ, Нақшаи амал оид ба татбиқи он ва харитаи Роҳ барои ҷалби сармоягузорӣ пешниҳод намуда шуд.
Муҳокимаҳо ба тадбирҳои афзалиятнок барои рушди устувор, навсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли шир, таҳкими занҷири истеҳсолӣ ва фурӯш ва фароҳам овардани шароит барои сармоягузорӣ равона карда шуданд.
Муовини директори департаменти чорводории ВК Қайрат Кошенов қайд намуд, ки таҳияи барнома – қадами муҳим барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии чорводорӣ мебошад. Вазорати кишоварзӣ дастгирии техникии ФАО-ро хеле қадр мекунад.
Сурат: ВК ҶҚ
