Фарҳанг – василаи фаҳмиши мутақобил: дар Душанбе барномаи бузурги фарҳангии Рӯзҳои фарҳанги Чин баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Фарҳанг - василаи фаҳмиши мутақобил: дар Душанбе барномаи бузурги фарҳангии Рӯзҳои фарҳанги Чин баргузор шуд

Душанбе, 08 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 6 декабр барномаи пурранги консертӣ бо иштироки ҳунармандон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ин чорабинӣ яке аз марказии Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, иттилоъ доданд аз донишкада.

Барнома, ки донишҷӯён, устодон ва дӯстдорони санъатро гирд овард, бори дигар нишон дод, ки фарҳанг яке аз воситаҳои муҳимтарини таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳост.

Дар ҷараёни консерт бахши махсус ба фаъолияти эҷодии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Азиза Азимова бахшида шуд. Ба шарафи ин ҳунарманд шоми фарҳангии «Базми рақс» баргузор гардид, ки саҳми ӯро дар рушди санъати рақси миллӣ бозтоб дод.

Дар саҳна таронаҳо, оҳангҳо ва рақсу навозишҳои миллии Чин манзур гардиданд. Иштирокчиён зикр намуданд, ки чунин барномаҳо на танҳо тамошобинонро бо анъанаҳои ғании фарҳанги чинӣ шинос мекунанд, балки роҳҳои нави ҳамкории фарҳангиро мекушоянд.

Ба таъкиди масъулон, баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ба тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Чин мусоидат мекунад. Ин гуна чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба амиқтар дарк гардида, дурнамои онҳо равшантар тасаввур шавад.

Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Чин дар асоси «Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг», инчунин барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни вазоратҳои фарҳанги ду кишвар амалӣ карда мешавад.

АКС: аз манбаъҳои кушода

error: