Душанбе, 21 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. Рӯзи 17 ноябр дар Донишгоҳи давлатии русии санъати театрӣ — ГИТИС яке аз рӯйдодҳои барҷастаи Фестивали VIII театрии кишварҳои ИДМ баргузор гардид — намоиши спектакли «Ҷавонии Мушфиқӣ», ки бар асоси асари шоир ва драматурги маъруф Тимур Зулфиқоров таҳия шудааст. Дар ин бора мухбири АИ «Корвон Иттилоот» хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати фарҳанги Русия, роҳбарияти ГИТИС, зиёиёни эҷодӣ ва илмӣ, шоирон, нависандагон, олимон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок карданд. Ҷалби фаъоли ҳамватанони тоҷики муқимии Россия ба рӯйдод фазои гарму дӯстона эҷод намуд.
Спектакли «Ҷавонии Мушфиқӣ»-ро донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти роҳбарии ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ — Шуҷоат Асадуллозода рӯи саҳна оварданд.
Ин намоиш шаҳодати равшани он гардид, ки фарҳанги тоҷик дорои таърихи ғанӣ, мероси бадеии пурбор ва мактаби касбии театриён мебошад. Образи Мушфиқӣ — рамзи ҷӯёи маънавӣ ва эҷодкорӣ — дар дилу зеҳни тамошобинон таъсир гузошт.
Чорабинӣ дар муҳити гарму самимӣ доир шуд. Ҳозирин тавонистанд ба ҷаҳони санъати тоҷик ворид шаванд, неруи эҳсосии мусиқию драмаро эҳсос намоянд ва ба мероси фарҳангие ошно шаванд, ки онро наслҳои нав бо эҳтиром идома медиҳанд.
Фестивали ГИТИС бори дигар собит сохт, ки санъат василаи муҳимми наздиксозии кишварҳои ИДМ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии мардумон мебошад.
АКС: АМИТ «ХОВАР»
