Душанбе, 10 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Номи олими тоҷик Фаррух Шарофзода ба рӯйхати бонуфузи World’s Top 2% Scientists, ки ҳамасола аз ҷониби Донишгоҳи Стэнфорд (ИМА) таҳия мешавад, шомил гардид.
Меъёри асосии дохил шудан ба ин феҳрист – сатҳи баланди иқтибоснокии корҳои илмии ӯ мебошад, ки таъсири воқеии тадқиқотро дар илми ҷаҳонӣ нишон медиҳад.

Тадқиқотҳои доктор Шарофзода дар соҳаи кимиёи растаниҳо ва метаболитҳои дуюмдараҷа дар миёни муҳаққиқони байналмилалӣ мавқеи баланд пайдо кардаанд.
Мароқи Фаррух ба кимиё ҳанӯз дар солҳои мактабӣ, таҳти таъсири падараш – устоди кимиё Саффолбек Шаропов, ба вуҷуд омад. Ӯ аз он замон ғолиби олимпиадаҳо мегашт ва орзуи олими ҳақиқӣ шуданро дошт.
Қадами нахустини ӯ дар соҳаи илм таҳсил дар Институти кимиёи ба номи Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд, ки таҳти роҳбарии профессор Кӯканиев ва Халифаев фаъолияти илмии худро оғоз намуд.
Баъдан тавассути барномаи Fulbright Visiting Scholar Program, ки яке аз маъруфтарин барномаҳои илмии ИМА мебошад, Шарофзода дар Донишгоҳи Алабама (шаҳри Ҳантсвилл, ИМА) таҳқиқот анҷом дод. Профессор Уилям Шетчер ӯро ба навиштани мақолаҳои илмӣ ва нашри онҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳидоят намуд.
Солҳои 2012–2015 давраи муҳими рушди илмии ӯ дар Донишгоҳи Ҳайделберг (Олмон) буд, ки дар он таҳти роҳбарии профессор Майкл Винк ва Штефан Вёлфл фаъолият намуд.
«Маҳз ҳамин давра марҳалаи калидии фаъолияти ман гардид», – мегӯяд олим.
Дар идома, ӯ дар Институти кимиёи техникӣ ва физикаи Академияи илмҳои Синзян (Чин) таҳқиқотҳои бузург анҷом дода, ҳамкории байналмилалиро тақвият бахшид.
Самти асосии тадқиқоти ӯ метаболитҳои дуюмдараҷаи растаниҳо мебошад – моддаҳои химиявие, ки барои ҳимоя ва мутобиқшавии растаниҳо хизмат мекунанд. Ба ин гурӯҳ равғанҳои эфирӣ, алкалоидҳо ва флавоноидҳо дохил мешаванд, ки дорои хосиятҳои антибактериалӣ, зидди саратонию зиддиилтиҳобӣ мебошанд. «Ин моддаҳо асоси таҳияи доруҳои нав мебошанд, ки саломатии инсонро ҳифз мекунанд», – таъкид мекунад Шарофзода.
Фаррух Шарофзода имрӯз ходими калони илмии Маркази инноватсионии Чин ва Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Дастовардҳои ӯ нишон медиҳанд, ки илми тоҷик қобилияти ворид шудан ба сатҳи ҷаҳониро дорад.
Ба андешаи олим, донистани забони англисӣ барои муҳаққиқони ҷавон аҳамияти асосӣ дорад:
«Забони англисӣ – забони илм аст. Танҳо тавассути он метавон садои илмии худро дар ҷаҳон баланд кард».
«Илм сарҳад надорад, – мегӯяд Шарофзода. – Мо дар оғози давраи нав қарор дорем, ки дар он муҳандисии генетикӣ ва нанофармацевтика ба инсон имкони пешгирии бемориҳои ирсӣ ва дароз кардани умрро медиҳанд».
Ба гуфтаи ӯ, захираҳои табиии Тоҷикистон ва гуногунии биологии кишвар имконоти васеъ барои таҳқиқот дар соҳаи кимиёи пайвастагиҳои табиӣ, нанотехнология ва таҳияи маводи нави дорусозӣ фароҳам меоранд.
Шомил шудани олимони тоҷик ба рӯйхатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла World’s Top 2% Scientists, танҳо дастоварди шахсӣ нест. Ин нишон медиҳад, ки илми тоҷик ба низоми ҷаҳонии таҳқиқот ворид шуда истодааст.
Барои нигоҳ доштани ин суръат, кишвар бояд ҷавонони болаёқатро дастгирӣ намуда, марказҳои илмиро рушд диҳад ва нашри мақолаҳои байналмилалиро ҳавасманд намояд. Танҳо дар ин сурат илм метавонад ба нерӯи асосии рушди Тоҷикистон табдил ёбад.
АКС: Азия Плюс
