Душанбе, 10 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар майдони театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд то 15 декабри соли ҷорӣ арчаи Соли навӣ бо баландии 22 метр ва паҳноии 8 метр қомат меафрозад. Ин арча ба яке аз рамзҳои асосии ҷашни Соли нав табдил ёфта, майдонро ба маркази фароғати шаҳрвандон мубаддал месозад.

Арча бо зиёда аз 5000 чароғак, 10 чароғноқили ороишӣ ва беш аз 2000 чароғакҳои ранга бо сабки муосир зиннат дода мешавад. Ин ороиш фазои идонаи пурҷилову равшанро дар маркази шаҳр фароҳам меорад.
Иқдом бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода амалӣ шуда, раванди бунёди арча таҳти назорати пайвастаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода қарор дорад.
Аз 17 то 31 декабри соли 2025 дар майдон барномаҳои идона баргузор мешаванд. Дар ин чорабиниҳо муассисаҳои бонуфузи фарҳангии шаҳр ва вилоят иштирок мекунанд:
- Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ;
- Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанг ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ»;
- Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров;
- Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён»;
- Ансамбли фолклории «Фалак»;
- Ансамбли «Нури Хуҷанд»;
- ҳамчунин ҳайатҳои ҳунарии шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров.
Ҳар як ансамбл барномаи консертии хешро пешкаш мекунад, ки дар он анъанаҳои миллӣ, мусиқии зинда ва унсурҳои санъати муосир ба ҳам омехта мешаванд.
Илова бар ин, аз 20 декабри соли 2025, барои болидахотирии сокинон барномаи махсуси солинавӣ бо иштироки ситораҳои маъруфи эстрадаи тоҷик баргузор мегардад. Ин барнома ба ҳавасмандсозии фазои фарҳангӣ ва ҷашнӣ дар арафаи Соли нав равона шудааст.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки корҳои омодагӣ бо суръат идома доранд ва мақсад аз ҳама муҳим — офаридани фазои пуршодиву пурнур барои сокинон ва меҳмонон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд
