Душанбе, 23 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 13 феврали соли 2026, №145, аз 20 то 25 феврал дар қисмҳои ҳарбию низомии пойтахт шашумин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!» баргузор мегардад. Чорабинӣ бахшида ба таҷлили 33-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал ин истифодаи самараноки инфрасохтори варзишӣ, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ва то даъватӣ ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани рӯҳияи хизмат ба Ватан, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносӣ ва пешгирии амалҳои номатлуби иҷтимоӣ мебошад.
Маросими ифтитоҳи фестивал дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, ба намоиш гузошта шуданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти дахлдор, раисони комиссияҳои даъватӣ, кормандони соҳаҳои ҷавонон ва варзиш, маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин хонандагон ва ҷавонони синни даъватӣ иштирок карданд. Дар маҷмӯъ беш аз 2000 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонон ҳузур доштанд.
Қисмати расмии чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон Ҷамшед ва дигар шахсони масъул оғоз гардид. Ҳамзамон, машқҳои ҳарбии тактикӣ баргузор карда шуданд. Дар фарҷом, номаи сипоси афсарону сарбозон ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат гардид.
Ҳамчунин дар ҳамон рӯз дар толори қисми ҳарбӣ ҳамоиши афсарону сарбозон дар мавзӯи «Дастовардҳои даврони Истиқлолият дар низоми ҳарбӣ: ҳолат ва дурнамо» таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон Ҷамшед баргузор гардид.

Фестивали дӯстии афсарону сарбозон на танҳо ҷалби ҷавонон ба варзиш ва баланд бардоштани маърифати низомӣ, балки таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ ва эҳтироми Ватанро барои наслҳои оянда таъмин менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
