Душанбе, 16 июн, АИ Караван Инфо. Мохи сентябри соли чори дар Точикистон Фестивали бозихои миллии варзиши баргузор мегардад, ки дар доираи татбики банди 22 “Чадвали баргузории чашнворахо, фестивалхо, намоишгоххо, чашнхо ва озмунхои халки дар Чумхурии Точикистон барои соли 2025”, ки бо фармони Президенти мамлакат аз санаи 2 январи соли 2025 тасдик шудааст, ташкил намуда мешавад.

Чорабини тахти сарпарастии Кумитаи чавонон ва варзиш, кумитаи миллии олимпи, вазорату идорахои профили, инчунин макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати баргузор мешавад.
Максади фестивал маъмулгардонии намудхои анъанавии варзиш ва ташаккули тарзи хаёти солим дар байни чавонон мебошад.
Фестивал ба эхёи хувияти милли тавассути шиносоии чавонон бо анъанахои ниёгон равона шудааст. Он дар тарбияи эхтиром ба таърих, ташаккули худшиносии шахрванди ва муковимат ба падидахои манфи дар байни наврасон накши мухим мебозад.
Фестивал бори аввал санаи 17 сентябри соли 2016 дар шахри Душанбе дар шакли баромадхои намоиши бахшида ба 25-солагии истиклолияти давлати баргузор гардид. Ташаббускори он Президенти Федератсияи футболи Точикистон, Шахрдори Душанбе Рустами Эмомали буд. Ин тачриба барои баргузории мунтазами фестивал дар оянда асос гардид.
Барномаи фестивал 8 намуди асосии мусобикаро дар бар мегирад: муборизаи анъанавии милли, бозии чавгон, шиновари, бардоштани санг, армрестлинг, давидан ба 200, 400, 800 метр, шохмот, кашидани ресмон.
Гайр аз он, 10 намуди бозихои намоишии халки, ба монанди: чангхои мург, чиликдангал, бозии ланка, бучилбози, тирпаррони аз камон, фехтовавние, камолгулак, партофтани фалахмон, хойталак, бандпарак мавчуданд.
Фестивал дар шахру нохияхои кишвар баргузор мешавад, ки хам варзишгарони касби ва хам хаваскоронро фаро мегирад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода