Душанбе, 23 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии маърифатӣ таҳти унвони «Феврал – моҳи забони русӣ» бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш ин тарғиби забони русӣ ва фарҳанги он миёни хонандагон, баланд бардоштани шавқу завқи онҳо ба осори классикӣ ва ташаккули малакаҳои эҷодӣ маҳсуб меёбад.

Дар доираи чорабинӣ гӯшаи намоиши китобҳо ва осори адибони маъруфи рус, аз ҷумла асарҳои шоир ва нависандаи барҷаста Александр Сергеевич Пушкин ташкил карда шуд. Ҳамчунин хонандагон расмҳои эҷодии худро вобаста ба асарҳои адабӣ, аз ҷумла иллюстрасияҳо ба «Сказка о рыбаке и рыбке», ба намоиш гузоштанд.
Омӯзгорони фанни забони русӣ бо хонандагон суҳбатҳои озод, қироати шеър ва озмунҳои фаннӣ баргузор намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқтари забон ва адабиёти рус ҳавасманд карданд. Ҳозирон фаъолона дар гуфтугӯҳо иштирок намуда, ҳам донишу ҳам малакаҳои эҷодии худро намоиш доданд.

Масъулин зикр намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҷаҳонбинӣ, васеъ гардидани захираи луғавӣ ва таҳкими дӯстии фарҳангҳо мусоидат менамояд. Иштироки хонандагон дар чорабинӣ на танҳо дониши забони онҳоро такмил медиҳад, балки эҳтиром ба мероси адабӣ ва шавқу завқи мутолиаи осори классиконро низ дар онҳо бедор мекунад.
АКС: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
