Финали мусобиқаи футболи байни дастаҳои деҳот ва ноҳияҳои Тоҷикистон: ғолибон бо кубокҳо ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд – ИА Караван Инфо
Финали мусобиқаи футболи байни дастаҳои деҳот ва ноҳияҳои Тоҷикистон: ғолибон бо кубокҳо ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд

Душанбе, 16 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ финал ва маросими қадрдонии ғолибони мусобиқаи варзишии футболи байни дастаҳои деҳот ва ноҳияҳои кишвар баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АИ «Корвон Иттилоот» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ташкилкунандагон қайд карданд, ки чунин чорабиниҳои варзишии оммавӣ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди футболи кишвар ва тақвияти дӯстӣ ва ягонагӣ байни мардум, хусусан миёни ҷавонон, мусоидат мекунанд.

Дар маросими қадрдонӣ ғолибон бо Кубокҳо, медалҳо, дипломҳо ва ҷоизаҳои пулӣ мукофотонида шуданд. Ҳамин тавр, дастаи «Шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ-1» ҷойи аввалро соҳиб шуда, 35 000 сомонӣ гирифт, ҷойи дуюм насиби дастаи «Хатлон-2» бо ҷоизаи 30 000 сомонӣ гардид ва ҷойи сеюм насиби «Хатлон-1» бо 25 000 сомонӣ шуд.

Чорабинӣ иштирокчиёнро аз тамоми кишвар гирд овард ва аҳамияти варзишро ҳамчун воситаи тарбияи насли ҷавон ва тақвияти дӯстӣ байни минтақаҳо нишон дод.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: