Душанбе, 06 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар мизи мудаввар оид ба такмили «Консепсияи рушди маводҳои таълимӣ-методӣ (TLMs) барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолона иштирок намуд. Чорабинӣ бо ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи Бонки исломии рушд (Islamic Development Bank/GPE Phase II) баргузор гардид.

Мизи мудаввар ҳамчун платформа барои муттаҳид намудани шарикони асосӣ ва ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла намояндагони муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи омӯзгорон ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ хизмат намуд. Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии Консепсияи нав ва таҳияи қарорҳои амалӣ барои татбиқи муассири он буд, ки ба модернизатсияи раванди таълим ва ҷорӣ намудани методҳои муосири омӯзиш мусоидат менамояд.
Дар рафти муҳокимаҳо ба масоили зерин диққати махсус дода шуд:
- Рушди маводҳои таълимии муосир: таъмин кардани мактабҳо бо захираҳои ҷорӣ, интерактивӣ ва методӣ, ки ба фаҳмиши амиқтарини маводҳои таълимӣ кӯмак мерасонанд.
- Баланд бардоштани сифати таҳсилот: истифодаи TLMs-и босифат кӯмак мекунад, ки донишҷӯён малакаҳои фикри интиқодӣ, эҷодӣ ва худомӯзиро рушд диҳанд.
- Дастрасӣ ва имкониятҳои баробар: эҷод намудани маводҳои таълимӣ, ки барои ҳамаи хонандагон дастрас бошанд, новобаста аз ҷойгиршавӣ ва вазъи иҷтимоии онҳо, махсусан дар минтақаҳои дурдаст ва деҳот.
- Дастгирии омӯзгорон: омӯзонидани муаллимон ба методикаҳои муосир ва таъмин намудани онҳо бо воситаҳои зарурӣ барои таълимии самаранок.
Коршиносони ЮНИСЕФ таъкид карданд, ки рушди маводҳои таълимии босифат ва замонавӣ калиди баланд бардоштани сифати таҳсилот, натиҷаҳои таҳсили хуб ва омода намудани наслҳои оянда ба мушкилоти асри XXI мебошад. Ҷорӣ намудани Консепсияи TLMs ба мактабҳо имкон медиҳад, ки методҳо ва равишҳои инноватсионӣ, мувофиқ бо стандартҳои байналмилалӣ, татбиқ карда шаванд.

ЮНИСЕФ ҳамзамон омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва дигар шарикон барои таъмини рушди устувори низоми таҳсилот, дастгирии ислоҳот ва фароҳам овардани маводҳои таълимии муосир барои ҳар як кӯдак дар кишвар изҳор намуд.
АКС: Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
