Душанбе, 22 май, АИ Караван Инфо. Дар майдонхои Чаласаи Солонаи гурухи Бонки исломии рушд, ки аз 19 то 22 май дар Алчазоир баргузор мегардад, мулокоти мухими Хайати Чумхурии Точикистон бо сарварии Вазири рушди иктисод ва савдо, маъмури мамлакатии БИР Завки Завкизода бо директори Генералии Фонди ОПЕК барои рушди байналмилали доктор Абдулхамид Алхолифа баргузор гардид.

Чонибхо татбики созишномахои дар чараёни мулокоти декабри соли 2023 байни Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ва рохбарияти Фонд бадастовардаро барраси намуданд. Диккати асоси ба лоихахои афзалиятнок дар сохаи:
- рушди инфрасохтор,
- энергетикаи “сабз”,
- хифзи ичтимои ва тандурусти,
- мутобикшави ба тагйирёбии иклим.
Завки Завкизода сахми Фонди ОПЕК-ро баланд арзёби намуд, ки аз огози хамкори аллакай такрибан 200 миллион долларро ба рушди иктисоди милли, аз чумла роххо, энергетика, тандурусти ва маориф сармоягузори намудааст. Вай зарурати тавсеаи минбаъдаи дастгирии молиявии фондро таъкид намуд.
Дар посух доктор Абдулхамид Алхолифа тасдик намуд, ки Фонди ОПЕК маблаггузории ташаббусхои мухими ичтимоию иктисодии Точикистонро идома дода, изхори бовари ба татбики бомуваффакияти лоихахои муштарак намудааст.
АКСХО: Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон