Фонди Созмони Милали Муттаҳид оид ба аҳолӣ устувории стратегии рушди Тоҷикистонро барои солҳои 2027–2030 тақвият мебахшад – ИА Караван Инфо
Фонди Созмони Милали Муттаҳид оид ба аҳолӣ устувории стратегии рушди Тоҷикистонро барои солҳои 2027–2030 тақвият мебахшад

Душанбе, 06 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Фонди Созмони Милали Муттаҳид оид ба аҳолӣ (UNFPA) дар Тоҷикистон 04 март қадами муҳими таҳияи Барномаи нави кишварии худ барои солҳои 2027–2030 гузошт ва афзалиятҳои стратегии худро дар ҷаласаи сатҳи баланд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе муаррифӣ намуд.

Ин ҷаласа марҳилаи калидӣ дар таҳияи Чаҳорчӯбаи ҳамкории (ЧҲ) СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2027–2030 ба шумор меравад. Дар он намояндагони воломақоми вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ, инчунин роҳбарони муассисаҳои СММ иштирок намуданд, ки аҳамияти назари ҳамгирошуда ба рушди миллӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ бо ҳадафҳои устувориро таъкид мекунад.

Доктор Наргис Раҳимова, Роҳбари Дафтари ЮНФПА дар Тоҷикистон, афзалияти «Саломатӣ ва некуаҳволӣ»-ро муаррифӣ намуда, ба дастовардҳо ва чолишҳои мавҷуда дар самтҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ, рушди сармояи инсонӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Доктор Равшан Тоҳиров, Муовини Роҳбари Дафтари ЮНФПА, афзалиятҳои Барномаи кишвариро шарҳ дода, таъкид намуд, ки онҳо бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030 ҳамоҳанг буда, ба амалишавии натиҷаҳои ЧҲ-и нав мусоидат хоҳанд кард.

Самтҳои асосии Барномаи UNFPA барои солҳои 2027–2030:

Таҳкими заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳисоботдиҳӣ;

Тақвияти хизматрасониҳои ҳамгирошудаи солимии репродуктивӣ ва пешгирӣ ва муқовимат ба зӯроварии вобаста ба гендер;

Такмили низоми маълумоти демографӣ ва рушди низомҳои рақамӣ.

Барнома бо асоси ҳуқуқи инсон ва равиши гендерӣ татбиқ шуда, барои суръатбахшии амалишавии афзалиятҳои стратегӣ ва устувории демографӣ равона гардидааст.

UNFPA ҳамзамон омодагии худро барои дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқ ва интихоби озод барои ҳар як шахс изҳор намудааст.

Сарчашмаи акс: Дафтари UNFPAдар Тоҷикистон.

error: